БМТ: Ба туфайли чораҳои иловагӣ қурби доллар паст шуд

Ахири ҳафтаи гузашта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ нисбати асъори миллӣ то 4,94 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) коҳиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро ба роҳандозии «чораҳои иловагӣ» аз ҷониби Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеӣ марбут […]



Ахири ҳафтаи гузашта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ нисбати асъори миллӣ то 4,94 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) коҳиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро ба роҳандозии «чораҳои иловагӣ» аз ҷониби Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеӣ марбут медонанд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврал қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза ба болоравӣ майл карда, дар баъзе нуқтаҳо то 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид. Аввали соли 2014 қурби миёнаи бозории фурӯши 1 доллари ИМА 4,92 сомониро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, нимаи моҳи феврал қурби доллари ИМА нисбати асъори миллӣ 1,5% боло рафт.

Ҳамчунин аз оғози сол қурби расмии доллар нисбати сомонӣ низ 0,6% афзуд. Имрӯз он 4,80 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аввали моҳи январи соли равон ин нишондиҳанда ба 4,77 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.