Боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо героин дар Мурғоб



Ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шаҳрванди хориҷиро боздошт намуданд, ки аз ӯ маводи нашъаовари героин дарёфт гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ дар постгоҳи БДА дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”-ро боздошт намуданд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тааллуқ дошт.

Ҳангоми азназаргузарониии автомашина аз бағоҷдони он як қуттӣ сигаретаи тамғаи “Pine»-ро дарёфт намуданд, ки дар даруни он пули қоғазин пинҳон карда шуда буд. Ҳангоме, ки кормандони оперативӣ пулро кушоданд, аз он моддаи хокамонанди сафед ба замин рехт.

 Маълум гашт, ки ронандаи мошин маводи нашъаоварро дар даруни пули қоғазин печонида, пинҳон кардааст. Ташхиси экспертӣ нишон дод, ки моддаи мазкур маводи сахттаъсири героин мебошад.

Аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ронандаи автомашина боздошт ва ҳабс гардид.

spot_imgspot_img

Популярное