Даргузашти профессор Худойназар Асозода

Субҳи имрӯз доктори улуми филология, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Худойназар Асозода дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок месупоранд. Худойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1998 ба узвияти Иттиҳоди нависандагон ва соли 2010 ба аъзогии Иттиҳоди […]



Субҳи имрӯз доктори улуми филология, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Худойназар Асозода дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок месупоранд.

Худойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1998 ба узвияти Иттиҳоди нависандагон ва соли 2010 ба аъзогии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Соли 1998 Худойназар Асозода дар Маскав рисолаи докториашро ҳимоя кард. Ӯ муаллифи беш аз 20 китобу корҳои илмии сершуморе мебошад, ки асосан мавзӯи вимагиҳои жанрҳои насри Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Солҳои 90 –ум ӯ ба омӯзиши се шохаи адабиёти форс пардохт.

Солҳои 2005-2008 Худойназар Асозода ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯгории Тоҷикистон фаъолият намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.