«Нутристар Тоҷикистон» ба истеҳсоли комбикорм оғоз кард



Корхонаи муштараки «Нутристар»-и Тоҷикистону Фаронса ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои аврупоӣ оғоз кард.

Директори генералии КМ «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корхона як ҳафта қабл мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз дар як шабонарӯз 90 тонна комбикорм истеҳсол мекунад.

«Иқтидори навбати аввали корхона 36 ҳазор тонна комбикорм дар як солро ташкил дода, муддати 4 соли минбаъда афзоиши чор баробари ҳаҷми истеҳсолот дар назар аст», – гуфт директори генералии корхона. – Айни замон мо бо ин маҳсулот корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» дар ноҳияи Файзободро, ки дар наздикии корхонааамон воқеъ аст, бо маҳсулот таъмин мекунем».

Ба гуфтаи Ҷумъаева, дар як вақт ширкат ҳамчунин аз дигар корхонаҳои чорвопарварӣ низ фармоишҳо қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта

Созишнома дар бораи ҷудо кардани 2,2 млн. доллари ИМА

аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC)-ро чанде қабл дар Душанбе менеҷери минтақавии IFC дар минтақаи Осмиёи Марказӣ Муаззам Меан, директори ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (CCPA) Пйер Имофф ва директори генералии «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба имзо расонида буданд.

spot_imgspot_img

Популярное