«Нутристар Тоҷикистон» ба истеҳсоли комбикорм оғоз кард

Корхонаи муштараки «Нутристар»-и Тоҷикистону Фаронса ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои аврупоӣ оғоз кард. Директори генералии КМ «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корхона як ҳафта қабл мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз дар як шабонарӯз 90 тонна комбикорм истеҳсол мекунад. «Иқтидори навбати аввали корхона […]



Корхонаи муштараки «Нутристар»-и Тоҷикистону Фаронса ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои аврупоӣ оғоз кард.

Директори генералии КМ «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корхона як ҳафта қабл мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз дар як шабонарӯз 90 тонна комбикорм истеҳсол мекунад.

«Иқтидори навбати аввали корхона 36 ҳазор тонна комбикорм дар як солро ташкил дода, муддати 4 соли минбаъда афзоиши чор баробари ҳаҷми истеҳсолот дар назар аст», – гуфт директори генералии корхона. – Айни замон мо бо ин маҳсулот корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» дар ноҳияи Файзободро, ки дар наздикии корхонааамон воқеъ аст, бо маҳсулот таъмин мекунем».

Ба гуфтаи Ҷумъаева, дар як вақт ширкат ҳамчунин аз дигар корхонаҳои чорвопарварӣ низ фармоишҳо қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта

Созишнома дар бораи ҷудо кардани 2,2 млн. доллари ИМА

аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC)-ро чанде қабл дар Душанбе менеҷери минтақавии IFC дар минтақаи Осмиёи Марказӣ Муаззам Меан, директори ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (CCPA) Пйер Имофф ва директори генералии «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба имзо расонида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.