Шабакаи меҳмонхонаҳои «Мариотт» тоҷиконро ба кор даъват мекунад

Чанде қабл зимни мулоқоти роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо директор оид ба ҳайати шахсии шабакаи меҳмонхонаҳои Мариотт» хонум Елена Литвинова дар Маскав дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуд. Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар […]



Чанде қабл зимни мулоқоти роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо директор оид ба ҳайати шахсии шабакаи меҳмонхонаҳои Мариотт» хонум Елена Литвинова дар Маскав дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни суҳбат хонум Литвинова изҳор доштааст, ки айни замон онҳо ба хизматгорзанон, коргарони ёридиҳанда, пешхизматҳо, барменҳо ва фаррошон ниёз доранд. «Мо омодаем, ки онҳоро ба таври ройгон касбу кор омӯзем. Ба донистани забони англисӣ афзалияти бештар дода мешавад», – иброз доштааст зимни суҳбат Литвинова.

Ба гуфтаи Аҳмадов, дар навбати худ Асрор Одинаев зикр кардааст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагоии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мусоидат намудан ба шаҳрвандони тоҷик дар таъмин бо ҷойи кори хубу мусоид аст.

«Одинаев таъкид дошт, ки дар остонаи фарорасии мавсими корӣ ба намояндагӣ аз корфармоёни рус дархостҳо мерасанд ва ин пешниҳодот ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фиристода шуда, пас аз омӯзиши онҳо аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик мутахассисони ин соҳаҳо интихоб мешаванд», – афзуд И.Аҳмадов. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.