Эҳтимоли қабули қонун «Дар бораи нафту газ» дар Тоҷикистон



Як гурӯҳ вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ»-ро таҳия намуданд, ки барои танзими масоили иктишоф, ҳамлу нақл, истифода ва фурӯши он пешбинӣ шудааст.

Узви Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик лоиҳаи ин қонун ба баррасии ҳукумат пешниҳод шуда, сипас баъди маъқул шуморидани он ба баррасии вакилони парлумон фиристода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, қонун муносибатҳои пайдошуда зимни коркарди конҳои нафту газ ва истихроҷи онҳоро танзим намуда, истифодаи оқилона, бехатарии корҳо, ҳифзи ҳуқуқи моликро таъмин ва аз манфиатҳои аҳолии Тоҷикистон ҳимоя мекунад.

«Мо ба ин лоиҳа бори дуюм бармегардем. Қаблан лоиҳа ба ҳукумат пешниҳод гардида, вале маъқул шуморида нашуд. Гап сари он аст, ки чанде аз сохторҳои давлатӣ лоиҳаи қонун ва қабули онро дастгирӣ накарданд. Дар сохторҳои давлатӣ афроди муайяне бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба қадри кофӣ аз захираҳои нафту газ бархӯрдор нест, ки он бо қонуни махсус танзим гардад. Моро лозим омад, ки лоиҳаҳои қонунро такмил дода, такроран ба ҳукумат муроҷиат кунем», – иброз дошт Талбаков.

Номбурда мутмаин аст, ки қабули чунин қонун ба ҷумҳурӣ зарур буда, гузашта аз ин, «чунин санад ҳадди ақал бояд 10 сол пеш ба тасвиб мерасид».

«Тоҷикистон аз захираҳои бузурги нафту газ бархӯрдор аст. Ба мо маҳз чунин қонун зарур аст, ки ба ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ барои коркарди канданиҳои фоиданоки мо мусоидат намояд», – зикр кард вакили парлумон.

Талбаков ҳамчунин илова намуд, ки аксари сармоягузорон ба коркарди канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, вале «мавҷуда набудани қонунгузории дахлдор ба ин имкон намедиҳад».

Ёдрас мекунем, ки тайи солҳои ахир ширкатҳои маъруфе чун «Газпром» (Русия) ва «Тетис Петролиум» (Канада) ба корҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон машғуланд. Пас аз чор соли корҳо, тобистони соли 2012 ширкати канадагӣ дар бораи захираҳои бузурги нафту газ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Коршиносони «Тетис Петролеум» ин захираҳоро бидуни назардошти омили хатар 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-и он ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.

Пас аз ин изҳорот ширкатҳои бузурги ҷаҳон чун Total SA  ва Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) низ ба захираҳои нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аввали соли гузашта ширкати фаронсавии Total SA ба Bloomberg.com маълумот дод, ки ба истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон ва содироти минбаъдаи он ба Чин машғул шуданист.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, айни замон дар баробари ширкатҳои зикршуда, корхонаҳои муштараки «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария ва «Петролитум Суғд»-и Тоҷикистону Австрия низ ба корҳои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон машғуланд.

spot_imgspot_img

Популярное