Шикояти раиси ҲСДТ аз беамалии мақомоти интизомӣ

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров имрӯз аз болои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Прокуратури генералии ЧТ шикоят бурд. Дар аризаи худ пешвои ҲСДТ ВКД-ро ба риоя накардани меъёр ва талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» айбдор мекунад. Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ВКД Тоҷикистон дар баррасии […]



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров имрӯз аз болои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Прокуратури генералии ЧТ шикоят бурд. Дар аризаи худ пешвои ҲСДТ ВКД-ро ба риоя накардани меъёр ва талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» айбдор мекунад.

Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ВКД Тоҷикистон дар баррасии аризаи ӯ оид ба тафтиши ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи онҳо ба вохӯриҳояш бо журналистон дар моҳи декабри соли гузашта ва моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи занон монеъа эҷод шуд, беэътиноӣ зоҳир намудааст.

«Ман чандин маротиба ба мақомоти корҳи дохилӣ бо дархости ошкор ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани дастандаркорон ва иҷрокунандагони ин ҳодисаҳо муроҷиат кардам, вале ба муроҷиатҳоям то ба ҳол таваҷҷуҳ зоҳир намешавад», – зикр кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки ба баргузории вохӯриҳои раиси ҲСДТ бо рӯзноманигорон дар рӯзҳои 10-уми декабри соли гузашта ва 12-уми январи соли равон монеъа эҷод гардид. Он замон як гурӯҳи занон ба толори вохӯрӣ ворид шуда, Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги навбатии шахрвандӣ дар Тоҷикистон муттаҳам намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.