Пешниҳоди ҲНИТ оид ба тағйирот дар қонуни интихобот баррасӣ намешавад

Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷмуи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати чорум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакили парлумон, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шуд, ворид карда шудааст. Қаблан дар ин робита иттилоъ дода […]



Ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷмуи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати чорум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакили парлумон, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шуд, ворид карда шудааст.

Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем, ки тағийроти пешниҳодшудаи М.Ватанов оид ба афзоиши рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз аҳзоби сиёсӣ аз 30% то 45% маънои онро надорад, ки аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ ба ҷойи 22 вакили кунунӣ 28 нафар вакилон интихоб мешаванд.

Ба гуфтаи Ватанов, афзоиши шумор дар рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ ба онҳо ба зиёдтар пешбарӣ кардани номзадҳо ҳуқуқ дода, имкони захираи бештар доштан барои ивази вакилони хориҷшуда аз ҳизбро фароҳам месозад.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ватанов масоили танзими ҷараёни иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, низ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, қитъаҳои интихоботии дар хориҷи кишвар таъсисёфтаро роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин давлатҳо сарварӣ мекунанд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дар қитъаҳои интихоботӣ аз 30 то 3 ҳазор нафар инитихобкунадагон раъй дода метавонанд, аммо дар тағийрот бекор кардани ин талабот барои қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар пешниҳод мешавад, ки акнун дар ин қитъаҳо шумори зиёди интихобкунандагон овоз дода метавонанд.

Мутобиқи ин лоиҳаи тағйироту иловаҳо, ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин 4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи мазкур ҳамчунин манъи раисӣ кардани намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вохӯрии номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон пешбинӣ гардида, ғайр аз ин, зиёд кардани вақти ройгон барои номзадҳо дар ВАО-и давлатӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқот пешниҳод мегардад.

Ба қавли Ватанов, тағйирот пеш аз ҳама ба бартараф намудани гуногунии шарҳи моҳияти онҳо равона гардида, ҳамчунин дар ин масъала тавсияҳои гурӯҳи нозирони САҲА оид ба натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 низ ба инобат гирифта шудаанд.

Вакили палатаи поёнии парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ субҳи имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту иловаҳои аз ҷониби ӯ ва раиси ҲНИТ пешниҳодшуда ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» алҳол бо сабабҳои номаълум аз ҷониби Маҷлиси намояндагон баррасӣ намешавад.

Қаблан Саидумар Ҳусайнӣ дар ин маврид изҳор намуда буд, ки ин тағйироту иловаҳо ба коҳиши ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон то ҳадди ақал равона гардидаанд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ аз 200 нишондиҳандаи ҳисоби ҳозира то 20 нишондиҳанда, яъне аз 8 ҳазор сомонӣ то 800 сомонӣ кам карда шавад», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар тағийроту илова ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки агар номзад ба вакилӣ дар интихобот беш аз 10%-и овозҳоро касб кунад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида мешавад, вале агар номзад бо айби худаш ё бо гуноҳе ҳизбе, ки ӯро пешбарӣ кардааст, аз маъракаи пеазинтихоботӣ канор равад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.