Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз, ки бори нахуст  дар саросари олам 1 марти соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, 27 феврали соли ҷорӣ дар дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси ташкилоти ЮНЭЙДС ва дастгирии техникии Лоиҳаи муштараки СММ оид ба  адвокатсияи ВНМО/БПНМ  баргузор мегардад. Тавре ҳамоҳангсози барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ  […]

ASIA-Plus



Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз, ки бори нахуст  дар саросари олам 1 марти соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, 27 феврали соли ҷорӣ дар дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси ташкилоти ЮНЭЙДС ва дастгирии техникии Лоиҳаи муштараки СММ оид ба  адвокатсияи ВНМО/БПНМ  баргузор мегардад.

Тавре ҳамоҳангсози барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ  (ЮНЭЙДС) дар Тоҷикистон Улуғбек Аминов хабар дод, дар ҷараёни чорабинӣ, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ, намояндагони ташкилотҳои системаи СММ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, инчунин коршиносон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил   масъалаҳои чӣ тавр бояд доғдоркунӣ ва табъизро, ки барои мубориза бо БПНМ дар саросами олам мушкилӣ меорад, бартараф намуд; вазъият дар  Иттиҳоди давлатҳои мустақил  ва Тоҷикистон чӣ тавр аст; чӣ тавр метавон ба нафароне, ки гирифтори беморӣ ҳастанд ёрдамк намуд, то онҳо бе тарс барои кӯмак муроҷиат намоянд; пайдоиш ва оқибаҳои табъиз дар ҷомеа-чӣ бояд кард; нақши ВАО дар  халли ин масъала ва амсоли онро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Санаи 1-уми декабри соли 2013 аз ҷониби  Директори иҷроияи ЮНЭЙДС Мишел Сидибе ва лауреати мукофоти Нобел, сафири кулли ЮНЭЙДС оид ба масоили паст намудани доғдоркунӣ ва табъиз До Аун Сан Су Ҷи, маъракаи Умумиҷаҳонии «Бидуни табъиз» шурӯъ гардид. Дар чаҳорчӯбаи маъракаи мазкур, 1 марти 2014 чун Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз эълон гардид. Сурати парвона чун  рамзи рӯзи мазкур  интихоб шуд ва ин  рамз  тағйирот ва дигаргунӣ дар ҷомеаро таҷассум менамояд.  Умедворем, ки ин санаи нав имкониятҳои зиёдеро баҳри ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият ба масъалаҳои доғдоркунӣ ва табъиз мутааллиқ ба ВНМО фароҳам меорад ва барои расидан ба ҳадафи «Бидуни табъиз» мусоидат мекунад. 

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз 27 феврали соли ҷорӣ дар дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон бо суроғаи: ш Душанбе, кӯчаи Айнӣ 39 баргузор мегардад. Оғози чорабинӣ аз соати 9:45.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.