Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 1 март вохӯрии навбатии раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо суроғаи: кӯч. Борбад, 1 соати 14:00 оғоз мегардад; – 1 март дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ бахшида ба намоишгоҳ-ярмаркаи 16-уми байнулмилалии туҳфаҳо ва сайёҳӣ конфронси матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати […]



Анонс


– 1 март

вохӯрии навбатии раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ бо суроғаи: кӯч. Борбад, 1 соати 14:00 оғоз мегардад;


– 1 март дар

Палатаи савдо ва саноати ҶТ бахшида ба намоишгоҳ-ярмаркаи 16-уми байнулмилалии туҳфаҳо ва сайёҳӣ конфронси матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09:30:


– Аз 1 то 3-юми март

дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба варзиши сабук (соли таваллуди 1997 ва поинтар аз ин) дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Тошканд иштирок мекунад;


– 2 март

дар театри драмавии русии ба номи В.Маяковский бо дархостҳои сершумор кӯдакони студияи театрии «Росток» намоишномаи «Снежная королева»-ро такроран манзури тамошочиён мегардонанд. Оғоз соати 11:00;


– 3 март

дар Эрон Чемпионати Осиё оид ба лижаронии куҳӣ оғоз мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот мураббӣ Саидакбар Эшонов ва лижаронон Иззатулло Саидов, Амриддин Ятимов ва Ҷовид Ятимов намояндагӣ мекунанд.

 



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8074

сомонӣ;


1

евро

– 6.5385

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1338

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1 Март

Рӯзи байнулмилалии мубориа алайҳи нашъамандӣ


1937

– Анҷумани VI-уми Шӯрои ҷумҳурӣ Конститутсияи РСС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишварро дарбар гирифт.


1967

– Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илму техника ва ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро дар соҳаи адабиёту меъморӣ таъсис доданд.


1993

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи афв»-ро ба имзо расонид.


1925

– Зодрӯзи нависандаи халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб.


1934

– Мавлуди журналист Худодӯст Олифтаев.


1950

– Зодрӯзи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ.


1952

– Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Самариддин Фазлиддинов.


2 Март


1921

– Валериан Владимирович Куйбишев ба Душанбе омад.


1960

– Навбати аввали комбинати қолинбофии Қайроққум ба истифода дода шуд.


1992

– Дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи куллии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ба узвияти созмон пазируфта шуд.


1946

– Зодрӯзи журналист Муҳиддин Олимпур. Шоми рӯзи 12-уми декабри соли 1995 дар роҳи хона рафтан бедарак шуда, рӯзи дигар ҷасади ӯ дарёфт гардид.


1950

– Мавлуди сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

1951 – Зодрӯзи журналист, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Холмаҳмад Хон Мавлонзода.

1959 – Мавлуди  Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.



Вазъи обуҳаво


1 март


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -2+3.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

 Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +6+8.


2 март


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

 Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.