ИМА: Дар сиёсати Тоҷикистон Раҳмон ва ҷонибдоронаш бартарӣ доранд

Тоҷикистон давлатӣ авторитарӣ ё худкомаест, ки дар арсаи сиёсати он президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорони ӯ – зодагони як минтақа бартарӣ доранд. Дар ин бора дар гузориши рӯзи 27-уми феврал нашршудаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи риояи ҳуқуқи инсон барои соли 2013 хабар дода мешавад, ки 30 саҳифаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар гузориш […]

ASIA-Plus



Тоҷикистон давлатӣ авторитарӣ ё худкомаест, ки дар арсаи сиёсати он президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорони ӯ – зодагони як минтақа бартарӣ доранд. Дар ин бора дар гузориши рӯзи 27-уми феврал нашршудаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи риояи ҳуқуқи инсон барои соли 2013 хабар дода мешавад, ки 30 саҳифаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар Конститутсияи ҷумҳурӣ низоми бисёрҳизбӣ пешбинӣ шудааст, аммо амалан ҳукумат ба гуногунандешии сиёсӣ монеъа эҷод мекунад.

Қайд мешавад, ки дар ҷараёни интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр гуногунандешии сиёсӣ назаррас набуда, интихобот ба меъёрҳои байнулмилалии интихоботи ҳақиқӣ мутобиқат надошт.

Департаменти давлатии ИМА шиканҷаву кирдори бераҳмонаи мақомоти амният нисбати боздоштшудагон, таъқиби рақибони сиёсӣ, маҳдуд кардани озодии андеша ва ВАО-и озод, аз ҷумла давра ба давра қатъи фаъолияти сомонаҳои мустақили иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи мушкилоти назаррас дар бахши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон унвон кардааст. Ҳамчунин ба нақзи озодии динии шаҳрвандон ва поймолкунии ҳуқуқи занон низ ишора шудааст.

Ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳуқуқи мурофиаи адолатноки судӣ, шароити ғайриқаноатбахши будубош дар зиндонҳо, манъи дастрасии нозирони байнулмилалӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, маҳдудисохтани таълимоти динии кӯдакон, ришваситонӣ ва хариду фурӯши одамонро низ муаллифони гузориш ба мушкилоти риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мансуб донистаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш қайд мешавад, ки ба мансабдорони давлатӣ дар мақомоти амният ва ҳукумат ба амал кардан бидуни муҷозот иҷозат дода шудааст. «Дар ҷумҳурӣ мансабдорони давлатӣ хеле кам ва аҳёнан барои нақзи ҳуқуқи инсон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд», – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.