Токон Мамитов хабари ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзиро рад кард

ASIA-Plus



Ҳукумати Қирғизистон алҳол дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба қарори ниҳоӣ нарасидааст.

Дар шарҳи маълумот дар бораи рӯзҳои 5-7-уми март

боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ

бо Тоҷикистон муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба АКИpress иброз доштааст, ки «ин тавр нест».

Ба гуфтаи муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя, Тоҷиистон муддати зиёдест, ки ба ҳуқумати Қирғизистон бо дархости боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ муроҷиат мекунад. «Аммо ҳукумати Қирғизистон ҳоло ба қарори ниҳоӣ нарасидааст. Ин масъала айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад», – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз, 5-уми март Қирғизистон ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду нафар марзбони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захм бардоштанд, кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баста буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...