Як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ ба С.Аслов нусхаҳои эътимоднома супурданд

Санаи 5 марта соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаҳои Эътимодномаҳои сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқули Аманлиев ва сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгентиро қабул намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баъд аз супоридани нусхаи Эътимодномаҳо мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони Туркманистон ва Гурҷистон баргузор гаштанд, ки дар рафти […]

ASIA-Plus



Санаи 5 марта соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаҳои Эътимодномаҳои сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқули Аманлиев ва сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгентиро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баъд аз супоридани нусхаи Эътимодномаҳо мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони Туркманистон ва Гурҷистон баргузор гаштанд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд. Ҳамчунин табодули афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, сипас Сироҷидин Аслов сафирони Куба Карлос Энрик Валдеса, Кипр Георгос Касулидис, Словакия Павол Иван ва Сербия Терзич Словенко ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, зимни суҳбатҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно кард.

Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф қайд карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.