Кӯшиши монеъ шудан ба вохӯрии Кабирӣ бо фаъолони ҲНИТ дар ноҳияи Румӣ

Зимни вохӯрии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки дар дафтари кории ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷараён дошт, ду нафар – як зану як мард кӯшиши ба дафтари корӣ ворид шуданро кардаанд. Яке аз фаъолони ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсони […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки дар дафтари кории ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷараён дошт, ду нафар – як зану як мард кӯшиши ба дафтари корӣ ворид шуданро кардаанд.

Яке аз фаъолони ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсони номаълум худро узви ҳизб муаррифӣ карда, изҳор намудаанд, ки ба вохӯрӣ бо Кабирӣ омадаанд, вале чун аъзои бахши ҳизби ноҳия онҳоро нашинохтаанд, зан бо доду фарёд ба бино даромаданӣ шудааст.

«Ин марду зан чун дарк карданд, ки бо ин амалашон таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб накарданд, макони ҳодисаро тарк гуфтанд», – зикр кард А.Давлат.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрии мазкур раиси ҲНИТ қайд кардааст, ки имрӯз Тоҷикистон дар навбати аввал ба ҳамдигарфаҳмиву амали мутақобила баҳри ба созиш расидан ниёз дорад.

«Кабирӣ таъкид дошт, ки ҳукумати ҳама гуна давлате бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо аҳолии кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар беҳбуди ҳаёти мардум ба натиҷаи назаррасе расида наметавонад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.