Расулзода омодагии Кӯлоб ба обхезиву мавсими обёриро санҷид

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо сафари якрӯзаи корӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни сафар нахуствазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамдониву Восеъ ва шаҳри Кӯлоб аз наздик ошно гардид. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин Қоҳир Расулзода бо […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо сафари якрӯзаи корӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни сафар нахуствазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамдониву Восеъ ва шаҳри Кӯлоб аз наздик ошно гардид.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои омодагӣ ба мавсими обёрӣ ва вазъи пойгоҳҳои обкашии минтақа низ шинос шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда нахуствазир ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.