Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти имкониятҳои молиявии МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботи қарзгирӣ ҷавобгӯ будани лоиҳаҳо ба баррасии ҷаласаи Шӯро 9 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва БДА «Амонатбонк» баҳогузорӣ гардидаанд, пешниҳод шуд.
Дар ҷаласа оид ба маблағгузории чор лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» қарор қабул шуда, аъзои Шӯро дар бораи ҷудо кардани воситаҳои қарзӣ дар ҳаҷми беш аз 2,2 млн. сомонӣ (460 ҳазор $) ба чор лоиҳа протокол ба имзо расониданд.
Шӯрои нозирон маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои ҶДММ «Сорбон», ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, соҳибкори инфиродӣ Мӯсоев Ҳ. аз ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Сафари Мурод», ноҳияи Қубодиён ва ҶДММ «Зиёратшо» ноҳияи Ванҷро маъқул донистанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, соли гузашта баҳри дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби воситаҳои «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» 22 млн сомонӣ ва соли равон 30 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.





