Кабирӣ: Ҳангоми боздошти ҷинояткор ба мансубияти ҳизбии ӯ таъкид кардан нашояд

«Ман намефаҳмам, барои чӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми боздошти ҷинояткор ҳатман ба мансубияти ҳизбии ӯ таъкид мекунад. Ва боз таъкид ба онҳое мекунад, ки ҳатман узви ҳизби мо ҳастанд», – мегӯяд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ. Ба гуфтаи ӯ, мансабдорони ҷинояткор низ тайи рӯзҳои охир боздошт мегарданд, аммо касе аз мансубияти онон ба […]

Мавзуна Абдуллоева


«Ман намефаҳмам, барои чӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми боздошти ҷинояткор ҳатман ба мансубияти ҳизбии ӯ таъкид мекунад. Ва боз таъкид ба онҳое мекунад, ки ҳатман узви ҳизби мо ҳастанд», – мегӯяд раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мансабдорони ҷинояткор низ тайи рӯзҳои охир боздошт мегарданд, аммо касе аз мансубияти онон ба ин ё он ҳизб ҳарфе намегӯяд, дар ҳоле ки ҳама медонад, ин мансабдори ҷинояткор узви кадом ҳизб аст.

«Ман намегӯям, ки дар ҳизби мо ҳама поканду бегуноҳ. Ҳизби мо ҳизби малоикаҳои Тоҷикистон нест. Ҳар як инсон иштибоҳ мекунад, аммо чанде пеш як танро боздошт карданду тавассути телевизиони давлатӣ таъкид бар он карданд, ки боздоштшуда узви ҲНИТ аст. Ва вақте мо дар ҷустуҷуйи шахсияти он боздоштшуда шудем, маълум гашт, ки ин инсон ба ҳизби мо дахле надорад», – гуфт Кабирӣ.

Ба андешаи ӯ, мақомти интизомии кишвар як нақшаи муқарраршудае доранд, ки мутобиқи он, ҳатман чанд тан аз ҲНИТ бо 

ҷ


урме дастгир шаванд. «Ва агар, касе аз худи ҳизб пайдо нашуд, нафареро дастгир мекунанду ӯро наҳзатӣ муаррифӣ мекунанд».

Дар ин росто раиси ҲНИТ таъкид дошт, ки ин кори мақомоти интизомии Тоҷикистонро ҳатто наметавон маъракаи «зиддинаҳзатӣ» номид, чун он на танҳо ба кори ҳизб равона шудааст. «Инро сиёсати зиддиисломӣ ва зиддимиллӣ метавон унвон кард. Чунки ислом рамзи мардуми мо ва гузаштагони мост, рамзи ҳуввияти миллии мост», – таъкид дошт Кабирӣ.

Ба иттилои ӯ, дар соли сипаришуда дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор шаҳрванд 215 ҷинояткор рост омадааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.