Президент ба бунёди боғи нав дар Хуросон асос гузошт

Чанде қабл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 га доман паҳн хоҳад кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бунёди боғи нави 600-гектара бо шинондани нахустин ниҳолҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва пирони деҳқонию  […]

ASIA-Plus



Чанде қабл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 га доман паҳн хоҳад кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бунёди боғи нави 600-гектара бо шинондани нахустин ниҳолҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва пирони деҳқонию  боғпарварӣ оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, аллакай ҳамин сол дар майдони беш аз 150 га ниҳолҳои гуногун шинонда мешавад ва 300 нафар соҳиби кор мегарданд. Дар сурати ба 600 га расидани майдони боғ дар он беш аз 1200 нафар соҳиби кор ва ризқи фарох хоҳанд шуд. Дар ин боғ, асосан навъҳои содиротии олу, зардолу, нок ва  ангур шинонда мешаванд.

Зимни суҳбат бо мардум Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, ривоҷ додани сабзавоткорӣ ва аз ин ҳисоб афзун кардани қудрати содиротии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод. Таъкид гардид, ки боғу токзор бояд, асосан дар заминҳои бекорхобида, партов ва талу теппаҳо бунёд карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.