Нахуствазир намояндаи минтақавии СММ-ро ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Сабер Азамро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Раёсати Комиссариати олии СММ дар самти таъмини […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Сабер Азамро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Раёсати Комиссариати олии СММ дар самти таъмини ҳуқуқҳои гурезагон ва мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти онҳо баррасӣ шуданд.

«Сабер Азам ба тадбирҳои андешишидаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба қабули гурезагон, таъмини ҳуқуқи онҳо ба кор ва дастрасӣ ба маълумот баҳои баланд дод», – зикр кард Муҳиддинов.

Ба қавли ӯ, Қоҳир Расулзода аз сатҳи ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо Раёсати Комиссариати олии СММ дар самти таъмини ҳуқуқҳои гурезагон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки айни замон ҳудуди 2 ҳазор нафар мақоми паноҳҷӯянда дар Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.