Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояш дар бораи зиёиёнро баён кард



– Онҳое, ки имрӯз бар зидди таҷлдили ҷашни мардумии Наврӯз сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад, – гуфт дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон зикр кард, ки истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид.

«Бо гузашти бисту се соли истиқлолият, мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди он ҳама мушкилот Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми рукнҳои демократии давлатдорӣ ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид», – гуфт президент.

Сарвари давлат қайд кард, ки яке аз падидаҳои дунёи муосир раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷиддии манфӣ низ дорад.

Президент аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 – солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард ва дар ин робита пешниҳод намуд, ки моҳи октябр дар Душанбе ба ин муносибат конфронсии байнулмилалии илмӣ баргузор карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар тӯли фақат панҷ соли охир дар мамлакат 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дуконҳои китобфурӯшӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанҳои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуд.

Дар бораи ҷойгоҳ ва манзалати зиёиёни ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки «пеш аз ҳама, биёед, андеша кунем, ки худи зиёӣ кист ва чӣ гуна шахсро метавон зиёӣ номид».

«Баҳсҳо дар атрофи зиёӣ дар тамоми кишварҳо ҳамеша буданду ҳастанд. Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд», – гуфт сарвари давлат.

spot_imgspot_img

Популярное