Сафари расмии вазири мудофиаи Чин ба Тоҷикистон

Шоми рӯзи 29-уми март вазири мудофиаи Чин Чан Вансюан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Чин ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо дар […]

Аваз Юлдошев



Шоми рӯзи 29-уми март вазири мудофиаи Чин Чан Вансюан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафари вазири мудофиаи Чин ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо дар назар аст.

«Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти низомиву техникӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд», – иброз дошт Маҳмадалиев.

Ба қавли ӯ, Чан Вантсюан ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон, ки бо маблағгузории Чин бунёд мегардад, низ шинос хоҳад шуд.

Маҳмадалиев хотирррасон намуд, ки сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

«Пас аз анҷоми қисмати расмии сафар ба Душанбе вазири мудофиаи Чин рӯзҳои 1-3-юми апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд доир мегардад, иштирок мекунад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.