Сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳабси якумра маҳкум шуд

Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи вилояти Хатлон (минтақавӣ) таҳти раёсати судя Амирхон Шарипов сокини деҳаи Ғарибдараи ноҳияи Мӯъминобод Тӯрахон Исҳоқовро ба ҳабси якумра маҳкум намуд. Додситон ва муфаттиши додситонии минтақавии Кӯлоб Ғазалшо Мазориев иттилоъ дод, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноёт тибқи моддаҳои 120 (таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 164 […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи вилояти Хатлон (минтақавӣ) таҳти раёсати судя Амирхон Шарипов сокини деҳаи Ғарибдараи ноҳияи Мӯъминобод Тӯрахон Исҳоқовро ба ҳабси якумра маҳкум намуд. Додситон ва муфаттиши додситонии минтақавии Кӯлоб Ғазалшо Мазориев иттилоъ дод, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноёт тибқи моддаҳои 120 (таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 164 (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ), 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ), 117 қ.2 (азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ) ва 138-и Кодекси ҷиноии ҶТ (таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.




Ба гуфтаи додситон, Т.Исҳоқов ду нафар духтарони ноболиғро, ки ба ӯ хешӣ доштанд, ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур карда, мунтазам онҳоро лату кӯб мекард ва ба мактаб рафтанашон монеъ мегардид. «Нисбат ба ин далел додситонии минтақавии Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот бурд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки додгоҳ ҳамаи далелу бурҳону айбдоркуниро пурра дастгирӣ карда, гумонбаршударо ба мӯҳлати дархостнамудаи ҷониби айбдоркунанда аз озодӣ маҳрум сохт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова