ҲНИТ омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015-ро оғоз кард

Ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 дар шуъбаи ҲНИТ дар Навоҳии тобеи маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон созмон ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин амал кори дохилиҳизбӣ буда, ҳар ҳизб бо ташкили чунин ситод метавонад барои интихоботи парлумонӣ омодагӣ бигирад. Ёдрас мекунем, ки баргузории маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ахири моҳи феврали […]

ASIA-Plus



Ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 дар шуъбаи ҲНИТ дар Навоҳии тобеи маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон созмон ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин амал кори дохилиҳизбӣ буда, ҳар ҳизб бо ташкили чунин ситод метавонад барои интихоботи парлумонӣ омодагӣ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки баргузории маъракаи навбатии интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ахири моҳи феврали соли 2015 дар назар аст. ҲНИТ нахустин ҳизби сиёсии кишвар мебошад, ки расман  омодагиро ба он оғоз намуд.

Пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ҲНИТ ба нишони норозигӣ бо натиҷаҳои он аз узвият ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон даст кашида буд. Он замон ҲНИТ изҳор дошта буд, ки натиҷаҳои интихобот сохтакорӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.