Э.Раҳмон бо намояндагони Хазинаи байнулмилалӣ асъор мулоқот мекунад

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мулоқот мекунад. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи ин созмони молиявӣ ва Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар вохӯри ҳамчунин масъалаи баргузории мониторинги фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мулоқот мекунад.






Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи ин созмони молиявӣ ва Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.





Аз эҳтимол дур нест, ки дар вохӯри ҳамчунин масъалаи баргузории мониторинги фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» низ муҳокима шавад. Таври маълум, ХБА шаффофияти фаъолияти онҳоро талаб карда буд.




Ҳайати ХБА-ро сармушовири Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн, ки ба шарҳи фаъолият дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъул аст, роҳбарӣ мекунад.





Ҳайати ХБА бо сафари расмӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва пешравии марҳилаи аввали Барномаи Мониторинги Хазина (




SMP




), ки нимсолаи дуввуми соли ҷориро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон қарор доранд.






 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова