Наздикони маҳбус аз раиси ҲСДТ 10 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб доранд

Хешовандони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров барои зарари моддӣ ва маънавӣ мутаносибан 10 ҳазор ва 1,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб карданд. Ба гуфтаи онҳо, Р.Зойиров дар бораи марги маҳбус маълумоти бардурӯғ додааст. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 31-уми март дар суди ноҳияи […]

ASIA-Plus



Хешовандони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров барои зарари моддӣ ва маънавӣ мутаносибан 10 ҳазор ва 1,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб карданд. Ба гуфтаи онҳо, Р.Зойиров дар бораи марги маҳбус маълумоти бардурӯғ додааст.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 31-уми март дар суди ноҳияи Сино ӯ бо аризаи модари маҳбус шинос шуда, мурофиа оид ба ин қазия 7-уми апрел оғоз мегардад.

«Вале ман ният дорам, ки аввал аризаи муқобили даъво пешниҳод кунам ва ҳамчунин онро дар ВАО ба нашр расонам, – мегӯяд раиси ҲСДТ. – Рӯзи 31-уми март дар суд ман ҳеҷ касе аз хешовандони Маҳмадраҳим Саидовро надидам. Аризаи онҳоро ба ман барои шиносоӣ Мавлудҷон Солеҳов, адвокати Саидов дод. Баъзе аз ВАО менависанд, ки аризаро бародараш Сафаралӣ пешниҳод кардааст, вале ариза аз номи модари маҳбус аст».

Ёдрас мекунем, ки санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи

марги маҳбус бар асари сардӣ

дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Душанбе хабар дода буд.

Аммо корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ

ҳалок нашудааст.

Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор карда буд, ки ба маълумоти ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадраҳим Саидов

шубҳа дорад.

Баъди як ҳафта хешовандони маҳбус изҳор доштанд, ки барои паҳн кардани хабари бардурӯғ оид ба марги Маҳмадраҳим Саидов аз болои Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ

шикоят мебаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.