Идомаи маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона ҷараён дорад. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то имрӯз аз нақшаи пешбинишудаи 199 ҳазору 451 гектар дар соли ҷорӣ дар 38,7%-и заминҳо пунбадона кишт шудааст. «Ба санаи 13-уми апрел кишти пунбадона дар 77,2 ҳазор гектар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон – 71,1 […]

ASIA-Plus



Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона ҷараён дорад.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то имрӯз аз нақшаи пешбинишудаи 199 ҳазору 451 гектар дар соли ҷорӣ дар 38,7%-и заминҳо пунбадона кишт шудааст.

«Ба санаи 13-уми апрел кишти пунбадона дар 77,2 ҳазор гектар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон – 71,1 ҳазор, вилояти Суғд – 5,8 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ – 328 гектар анҷом дода шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари ин кишти баҳории зироати ғалладона низ ҷараён дошта, мутобиқи нақша соли равон зироати ғалладона дар майдони 92,1 ҳазор гектар кишт хоҳад шуд ва то имрӯз кишти ин зироатҳо дар 70%-и заминҳои пешбинишуда анҷом дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки кишти тирамоҳии зироати ғалладона дар майдони 198,4 ҳазор гектар анҷом дода шуд, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.