Кабирӣ: Эмомалӣ Раҳмон бояд возеҳ бигӯяд, ки Тоҷикистон куҷо равона аст

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки паёми анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки рӯзи 23-юми апрел ироа мекунад, бояд аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз нигоҳи мундариҷа фарқ бикунад. «Паём ба парлумон набояд мавриди муқоисаи давраҳои гуногуни рушди кишвар ва вазифагузорӣ ба мансабдорон […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки паёми анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки рӯзи 23-юми апрел ироа мекунад, бояд аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз нигоҳи мундариҷа фарқ бикунад.

«Паём ба парлумон набояд мавриди муқоисаи давраҳои гуногуни рушди кишвар ва вазифагузорӣ ба мансабдорон бошад, барои ин ҷаласаҳои ҳукумат ва дигар чорабиниҳо вуҷуд доранд», – чунин мешуморад Кабирӣ.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар паём ба парлумон сарвари давлат возеҳ баён хоҳад кард, ки Тоҷикистон ба куҷо равона асту соли оянда ӯро чӣ интизор аст.

«Президент бояд бигӯяд, ки оё мо минбаъд ба беҳбудии вазъ умедвор буда метавонем. Барои мо муҳим аст, ки президент дар бораи ҳолатҳои сершумори нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, шиканҷаҳо, фишор болои аҳзоби мухолиф ва ходимони сиёсӣ, вазъи носолим дар бахши тиҷорат ва бисёр масъалаҳои дигар чӣ мегӯяд», – гуфт раиси ҲНИТ.

Ба андешаи сиёсатмадор, ҷомеа яқинан мехоҳад бидонад, ки назари шахсии президент ба ин мушкилот чӣ гуна аст ва оё ӯ нияти ҳалли онҳоро дорад. «Масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли маҷмӯиро тақозо мекунанд. Масалан, иқтисод, энергетика ва масъалҳои иҷтимоӣ. Воқеъбин мебояд буд – дарҳол онҳоро наметавон ҳал кард, вале дигар мушкилоте низ мавҷуданд, ки барои ҳалли онҳо ирода, аз ҷумла иродаи шахсии президент кофист, ки онҳ роҳи ҳалли худро пайдо кунанд. Ман фазои носолими имрӯза дар бахши иҷтимоиву сиёсӣ, тақвияти фишор аз ҷониби мансабдорони маҳаллиро дар назар дорам, ки ба вазъи умумӣ дар кишвар таъсир мерасонад», – зикр кард Кабирӣ.

Ба қавли ӯ, таҷриба гувоҳи он аст, ки агар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳусни тафоҳум ва дар масоили асосии сиёсати дохилӣ созиш вуҷуд дошта бошад, мардуми тоҷик метавонад ба вазъи душвортарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сабр ва онро паси сар намояд. «Агар шаҳрвандон сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ, миллӣ ва ҳизбӣ ё мақоми иҷтимоӣ эҳсос бикунанд, ки андешаи онҳо низ ба инобат гирифта мешавад. Бисёр умедворем, ки ин дар паёми сарвари давлат ва пешвои миллат садо хоҳад дод», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.