Истеҳсоли маҳсулот дар МОИ ба маблағи 1,9 млн. $

Семоҳаи аввали соли 2014 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 9 млн. 297 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,9 млн. $) маҳсулот истеҳсол шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра дар 7 корхонаи саноатии МОИ «Суғд» дар ҳаҷми ҳудуди 9 млн. 215 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли 2014 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 9 млн. 297 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,9 млн. $) маҳсулот истеҳсол шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра дар 7 корхонаи саноатии МОИ «Суғд» дар ҳаҷми ҳудуди 9 млн. 215 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Айни замон дар МОИ «Суғд» 18 субъект сабти ном шудаанд, ки 11-тоашон корхонаҳои ватанӣ ва 7-тоаш корхонаҳои муштарак мебошанд.

Дар МОИ «Данғара» соли гузашта корхонаи «Ю ва Ф сервис» ба фаъолият оғоз намуда, дар зарфи се моҳи равон ба маблағи наздики 82 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар МОИ «Панҷ» воқеъ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ки дар он 6 субект ба қайд гирифта шудааст, алҳол истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта барои сохтмони иншоот дар қаламрави ин минтақа дар ҳаҷми қариб 970 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шуданд.

Ҳамчунин соли гузашта барои сохтмони иншооти гуногун дар қаламрави МОИ «Ишкошим» воқеъ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар ҳаҷми беш аз 2,6 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.