Табиби госпитал: Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад

Гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.

Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.

Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки табибони эронӣ бояд ҳамин ҳафта меомаданд, вале қисми ҳарбӣ маблағи пулиро нагузаронид. «Мутассифона, ман ҳам ин миқдор маблағ надорам», – мегӯяд Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз натиҷаҳои ташхиси томография ба яке аз дармонгоҳҳои Маскав фиристода мешаванд, ки ба муваффақ гузаштани ҷарроҳӣ кафолат дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.

«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», – иброз дошт Расулов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев омодагӣ изҳор намуд. Раванди баррасии қазияи мазкур таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода қарор дода шудааст.

Даҳаи сеюми моҳи март фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба аёдати сарбози марзбони дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта буд.

Ахири моҳи март иттилоъ дода шуд, ки сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, шояд баъди як ҳафта

аз беморхона ҷавоб дода шавад

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.