Дар Тоҷикистон кишоварзонро дастгирӣ намекунанд

Дар ҷараёни баргузории мизи гирди имрӯза таҳти унвони «Таъмини амнияти ғизойии Тоҷикистон бо назардошти узвият ба СҶТ» намояндаи Вазорати кишоварзии ҶТ Аҳмадҷон Қодиров зикр кард, ки рақобатпазирии заъифи истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба маҳдудияти дастгирии молиявии давлат ва мавҷуд набудани дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, саривақт чора наҷустан барои рушди комплекси агросаноатии […]

Заррина Эргашева



Дар ҷараёни баргузории мизи гирди имрӯза таҳти унвони «Таъмини амнияти ғизойии Тоҷикистон бо назардошти узвият ба СҶТ» намояндаи Вазорати кишоварзии ҶТ Аҳмадҷон Қодиров зикр кард, ки рақобатпазирии заъифи истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба маҳдудияти дастгирии молиявии давлат ва мавҷуд набудани дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ марбут аст.

Ба гуфтаи ӯ, саривақт чора наҷустан барои рушди комплекси агросаноатии кишвар метавонад ба мушкилоти зиёд боис гардад ва тадбирҳои то ҳол андешидаи ҳукумат баҳри пешгирии ин ҳолат ҳанӯз кофӣ нест.

«Сарфи назар аз расидани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2013 ба сатҳи соли 1991, ҳолати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ хеле паст боқӣ мемонад, – мегӯяд ӯ. – Масалан, аҳолиро бо гандуми маҳаллӣ мо метавонем ба миқдори – 60%, сабзавоту полизӣ – 147%, мева ва буттамева – 63%, гӯшт – беш аз 40%, шир – 47% ва тухм – 14% таъмин созем ва ин ҳам дар ҳолест, ки қонун таъмини ғизойии аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилиро 80% муқаррар кардааст».

Номбурда зикр кард, ки оид ба рушди бахши аграрӣ мебояд чораҳои таъҷилӣ андешид, вагарна воридоти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ба бозор оғоз мегардад ва масъалаи рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ хеле мушкил хоҳад шуд. «Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбат таҳияи стратегияи рушди соҳа бо назардошти сарчашмаи устувори маблағгузорӣ зарур аст», – афзуд А.Қодиров.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи узвият ба СҶТ Тоҷикистон ба дастрас кардани маблағгузорӣ дар ҳаҷми 183 млн. доллари ИМА (8% нисбат ба ММД) ба бахши кишоварзӣ ҳуқуқ пайдо кард, вале то ҳол аз ин ҳуқуқ истифода крадани Тоҷикистон номаълум аст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи СҶТ танҳо кишварҳое ба дастрас кардани маблағгузорӣ ҳуқуқ доранд, ки иқтисодашон дар ҳоли рушд қарор дорад, вале на ҳамеша ин иқдомҳо аз ҷониби СҶТ дастгирӣ меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.