Бонки миллӣ иҷозатномаҳои ду ташкилоти қарзиро бозхонд

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти ду ташкилоти қарзиро бекор карданист. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Бонки миллӣ иҷозатнома барои фаъолияти Ташкилоти қарзии хурди «Субҳи Урметан», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Ҳафт Ганҷ»-и шаҳри Панҷакентро бозхонд намуд. «Сабаби бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ин ташкилотҳо муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва […]

Заррина Эргашева



Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти ду ташкилоти қарзиро бекор карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Бонки миллӣ иҷозатнома барои фаъолияти Ташкилоти қарзии хурди «Субҳи Урметан», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Ҳафт Ганҷ»-и шаҳри Панҷакентро бозхонд намуд.

«Сабаби бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ин ташкилотҳо муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар будани онҳо аст. Дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод карда шуданд.», – хабар медиҳад БМТ.

Гуфта мешавад, пас аз содир шудани ҳалномаи суд иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», дар сурати риоя накардани талаботи бонки танзимкунандаи ҷумҳурӣ, Бонки миллии ҷумҳурӣ ба бозхонди иҷозатномаи муассисаи қарзӣ ҳуқуқ дорад.

Айни замон дар Тоҷикистон 42 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.