Раҳмон аз сатҳи рушди Тоҷикистон қаноатманд нест

– Тайи ҳафт соли ахир сатҳи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон ду маротиба ва ҳаҷми ММД 1,5 маротиба афзуд, вале ин суръати рушд моро қонеъ намекунад, – гуфт зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар ин давра ҳаҷми даромади аҳолии кишвар 1,7 маротиба афзуда, дар ҳамин ҳол, зикр […]

ASIA-Plus



– Тайи ҳафт соли ахир сатҳи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон ду маротиба ва ҳаҷми ММД 1,5 маротиба афзуд, вале ин суръати рушд моро қонеъ намекунад, – гуфт зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар ин давра ҳаҷми даромади аҳолии кишвар 1,7 маротиба афзуда, дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакии ҳукумат, соли 2020 шумори аҳолии камбизоати кишвар ба андозаи 20% коҳиш меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат, роҳбарони тамоми сатҳҳо ва мансабдорони давлатӣ талош баҳри беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, рушди иқтисод, бо қатъият амалисозии барномаву лоиҳаҳои қаблан қабулшуда боқӣ мемонад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.