Муаррифии барномаи компютерии тафтиши имлои забони тоҷикӣ

Рӯзи 26уми апрел  апрел дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) ва рӯзи 2 маи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон (ш.Душанбе) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо хохад шуд. Бино ба маълумоти иттилоияи Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди  мадад (ИҶК БМ) дар Тоҷикистон, лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org» аз ҷониби ташкилоти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26уми апрел  апрел дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) ва рӯзи 2 маи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон (ш.Душанбе) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо хохад шуд.

Бино ба маълумоти иттилоияи Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди  мадад (ИҶК БМ) дар Тоҷикистон, лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии  Зафар Усмонов» иҷро гардида, аз тарафи  ИҶК БМ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.  

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур аз ҷониби як гурӯҳи барномасозони ватанӣ омода гардида, дар   ду барномаи компютерии кор ба ҳуҷҷатҳои дар Точикистон маъмул – Microsoft Office ва OpenOfficeOrg истифода бурда хохад шуд. Илова кардани тафтиши имлои забони тоҷикӣ ба ин ду барнома нисбати тартиб додани барномаи алоҳидаи тафтиши имлоӣ афзалтар аст. Илова ба ин, тафтиши имлоӣ дар ин ду муҳит дар асоси як алгоритм амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, муаллифони лоиҳаи мазкур дар асоси маводи омӯхташудаи грамматикаи забони тоҷикӣ модели математикиро тартиб дода, алгоритми барномаи тафтиши орфографияи забони тоҷикиро сохтанд. Тартиб додани комплекси барномаҳои тафтиши дурусти тарзи навишти матн боиси тезонидани суръати компютеризатсия ва раванди омӯзиши барномаҳои озод ва кушодасос дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Зикр мегардад, ки тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ имконият медиҳад, ки хатои имлоии ҳангоми ҳуруфчинии матн содиркардашуда инъикос гарданд ва муодили онҳо пешниҳод шаванд.

Дар муаррифӣ маълумот оид ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур ва барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад. Илова бар ин,  масъалаҳои дурнамои лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ ва дастовардҳои дар ин ҷода бадастомада баррасӣ мегарданд.

Дар семинар намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, намояндагони макотиби олӣ, мутахассисони соҳаи бонк, операторони мобилӣ ва Интернет, намояндагони воситахои ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни ихтисосҳои иттилоотӣ ва лингвистикаи компютерӣ иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.