Даргузашти Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ Берон Меробов

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардирижёр ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Берон Меробов субҳи имрӯз дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҷасади марҳум нимаи дуюми имӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад. Бо зикри робитаҳои […]

ASIA-Plus



Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардирижёр ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Берон Меробов субҳи имрӯз дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.

Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҷасади марҳум нимаи дуюми имӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.

Бо зикри робитаҳои зичи эҷодии Б.Меробов бо оҳангсозхони ҷумҳурӣ, Ҳикматов аз марги ӯ изҳори таассуф намуда, ба наздикони марҳум изҳори тасаллият кард.

Берон Меробов 22-юми октябри соли 1937  дар деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Дирижёр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (соли 1997) профессор (соли 2001).

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (соли 1959), Консерваторияи давлатии Маскав (соли 1964) ва Консерваторияи давлатии Лениград (соли 1976).

Мусиқинавози дастаи этнографӣ-хореографии «Помир» (солҳои 1957-1959), оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1968-1971), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1980-1990), аз соли 1990 – дирижёр ва аз соли 1995 – сардирижёри Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ. То имрӯз дирижёр ва раиси Шӯрои бадеӣ буд.

Ҳамчун дирижёр барои ҳамкорӣ ба театрҳои бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд, Бишкек, Владикавказ, Иркутск, Уляновск ва ғайра даъват шудааст.

Чанд сол қабл ОИ «Азия-Плюс» бо ин ҳунарманди маъруф, инсони наҷибу хоксор

мусоҳиба

анҷом дода буд.

Ҳайати кормандони ОИ «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.