Сафари вакилон ба минтақаҳо барои шарҳу тавзеҳи паёми президент

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид. Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи хизмати давлатӣ“, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи хизмати давлатӣ“, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ“,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ „Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон“ баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ҷиҳати омӯзишу хулосабарорӣ ба кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон фиристода шуданд.

«Бо қарори Шӯро аз 28-уми апрел то 4-уми май ҳамаи вакилони МНМО ҶТ бо сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор шуда, ба интихобкунандагон бандҳои асосии паёми президент ба парлумонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва ҳамчунин назари аҳолӣ ба ҷараёни таҳияи қонунҳоро меомӯзанд», – иброз дошт Султонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.