Дар Кӯлоб 105 ҳазор рубли нафақахӯрро дуздиданд



Дар шаҳри Кӯлоб як шахси номаълум ба манзили нафақахӯри 78-сола ворид шуда, 105 ҳазор рубли русии ӯро бо худ бурдааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб нафақахӯр Анатолий Питилимов муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон 105 ҳазор рубли русӣ (қариб 3 ҳазор доллари ИМА)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар ноболиғ ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир шуда, санҷиши ин ҳодиса идома дорад. 

spot_imgspot_img

Популярное