Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумонии Македония

Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар интихоботи парлумонии пешазмуҳлати Македония иштирок мекунанд, шомил гардиданд. Маъракаи интихоботии мазкур пагоҳ, 27-уми апрел доир мегардад. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ёвари раиси КМИР Тоҷикистон Парвина Расулова ва намояндаи ҷомеаи […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар интихоботи парлумонии пешазмуҳлати Македония иштирок мекунанд, шомил гардиданд. Маъракаи интихоботии мазкур пагоҳ, 27-уми апрел доир мегардад.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ёвари раиси КМИР Тоҷикистон Парвина Расулова ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар Манучеҳр Салоҳиддинов бо ин мақсад ба Скопе – пойтахти Македония раҳсипор шудаанд.

Қобили зикр аст, ки парлумони Македония аз 120 нафар вакилон иборат буда, бинобар сабаби мухолифати мавқеъҳои вакилон дар робита ба масъалаи интихоби президенти кишвар, санаи 5-уми март, пеш аз муҳлат ваколатҳои худро қатъ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.