Дар ҷашни Иди Ғалаба гузашти низомӣ барпо намешавад

Дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни 69-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаӣ (ҶБВ) гузаштҳои низомӣ барпо намешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, субҳи рӯзи 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт ба хотири гиромидошти қурбониёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ […]

Аваз Юлдошев



Дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни 69-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаӣ (ҶБВ) гузаштҳои низомӣ барпо намешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, субҳи рӯзи 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт ба хотири гиромидошти қурбониёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ маросими анъанавии гулчанбаргузорӣ аз ҷониби раҳбарияти Вазорати мудофиа доир мегардад.

«Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳамчунин падару модарони сарбозон ва афсарони гарнизони Душанбе, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ ва намояндагони аҳли ҷомеа низ ширкат меварзанд», – гуфт намояндаи Вазорати мудофиа.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз маросими гулчанбаргузорӣ ва гузашти низомии дастаи қаровули фахрӣ наваскарони ду қисми низомии Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо барои садоқат ба Ватан савганд ёд мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.