Чин муваққатан марзаш бо Тоҷикистонро мебандад

Дар робита ба таҷлили ҷашни «Рӯзи меҳнаткашон» Чин марзҳои давлатиаш бо тамоми кишварҳои ҳамсояро мебандад. Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марз муваққатан бо ташаббуси ҷонии Чин баста мешавад. Аз 1 то 4-уми май равуо барои шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу коло тариқи гузаргоҳи «Қулма-Қарасу» дар […]

Заррина Эргашева



Дар робита ба таҷлили ҷашни «Рӯзи меҳнаткашон» Чин марзҳои давлатиаш бо тамоми кишварҳои ҳамсояро мебандад.

Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки марз муваққатан бо ташаббуси ҷонии Чин баста мешавад.

Аз 1 то 4-уми май равуо барои шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу коло тариқи гузаргоҳи «Қулма-Қарасу» дар қитъаи марзи Тоҷикистону Чин манъ карда мешавад. Ин гузаргоҳ рӯзи 5-уми майи дубора ба фаъолият оғоз мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҶТ, аз оғози сол тариқи ағбаи Қулма 4 ҳазору 363 автомашинаи боркаш марзи Тоҷикистону Чинро убур намудаанд.

Қобили зикр аст, ки иртиботи автомобилӣ миёни Тоҷикистону Чин тариқи ағбаи Қулма баҳори соли 2004 оғоз гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.