Русия ҷинояткори навбатии эҳтимолиро ба Тоҷикистон истирдод кард

Русия шаҳрванди Тоҷикистон Одинахӯҷа Давлатовро, ки ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ба Тоҷикистон истирдод кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии прокуратураи шаҳри Маскав, Одинахӯҷа Аҳмадов аз ҷониби Русия ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шудааст, то ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. «Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ӯ муддати 4 сол мавриди ҷустуҷӯ қарор […]

ASIA-Plus



Русия шаҳрванди Тоҷикистон Одинахӯҷа Давлатовро, ки ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ба Тоҷикистон истирдод кард.

Бино ба маълумоти

сомонаи

расмии прокуратураи шаҳри Маскав, Одинахӯҷа Аҳмадов аз ҷониби Русия ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шудааст, то ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

«Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ӯ муддати 4 сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти салоҳиятдор Давлатовро ба он айбдор мекунанд, ки ӯ моҳи августи соли 2007 бо баҳонаи бофтаи рушди соҳибкорӣ дар бонки қарздиҳии хурди шаҳри Кӯлоб аз номи худ 2 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки моҳи ноябри соли 2007 ӯ дар Точикистон бо роҳи фиребгариву суистеъмол 23 ҳазор доллари ИМА-и ҷабрдидаро дуздидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Давлатов моҳи июли соли 2013 аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Маскав боздошт ва нисбати ӯ макомоти прокуратураи шаҳри Маскав санҷиш гузаронила, маводҳо ба Прокуратари генералии Русия ҷиҳати қабули қарордод оид ба истирдод фиристода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.