АНМН: Мусодираи ҳудуди 11 кило афюн дар Ваҳдат

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ваҳдат автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини 48-солаи ноҳия боздошт ва зимни кофтукови автомашина аз зери курсии қафо қоғазпеч дарёфт карда шудааст, ки дар […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Ваҳдат автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини 48-солаи ноҳия боздошт ва зимни кофтукови автомашина аз зери курсии қафо қоғазпеч дарёфт карда шудааст, ки дар он се бастаи селлофанпеч бо маводи хамирмонанд мавҷуд буд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони оперативӣ ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии боздоштгардида боз як бастаи селлофаниро ошкор намуданд, ки дар дохили он маводи қаҳваранг мавҷуд буд. Маводи нашъаовар барои ташхис равон карда шуд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда навъи “афюн” буда, вазни он 10 килограмм 505 граммро ташкил менамояд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи писхотропӣ бо мақсади фурӯш) оғоз карда шудааст. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст задаанд, андешида шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.