Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: 60 осебдида

Қарибиҳои шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, сабаби рух додани муноқиша он […]

Аваз Юлдошев



Қарибиҳои шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, сабаби рух додани муноқиша он будааст, ки як гурӯҳ ҷавонони сархуш аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи автомашинаи сокини Ворух, ки аз Исфара меомадааст, сангандозӣ кардаанд.

«Пас аз муноқиша издиҳоми зиёди мардум аз ҳарду ҷониб ҷамъ шуда, аз муноқишаи лафзӣ ба сангандозии ҳамдигар пардохтаанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, қирғизҳо ҳанӯз рӯзона дар ҷойи ҳодиса санг ҷамъоварӣ намудаанд. «Ҳафт нафар сокинони Исфара бо ҷароҳатҳо ба бемористон бистарӣ шуда, як ҳамдиёри мо аз тири милтиқи шикорӣ захм бардоштааст. Кормандони мақомоти интизомии ҳарду кишвар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои пароканда сохтани издиҳом ба ҳаво тир холӣ кардаанд», – таъкид дошт манбаъ ва зикр кард, ки яке аз кормандони милисаи тоҷик захми вазнин бардоштааст.

Ба қавли ӯ, пас аз гузашти чанд соат аз ин ҳодиса ба мақомоти интизомии кишварҳо муяссар шудааст, ки вазъро таҳти назорат гиранд. Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда, субҳи имрӯз ҳам баста аст.

Шоми дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварда, бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми январи соли равон дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ин Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро яктарафа баста, аввали моҳи апрел боз кард.

Дар ҳамин ҳол,

гуфтушуниди навбатии

гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.