Вакили дар Хоруғ латукӯбшудаи ҲНИТ аз Зуҳуров ҳимоя дархост кард

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров муроҷиат кард, то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» С.Ҳусайнӣ хабар дод, зимни […]

Аваз Юлдошев



Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров муроҷиат кард, то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» С.Ҳусайнӣ хабар дод, зимни сафар ба шаҳри Хоруғ раҳбарияти ВМКБ бо риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», ӯро ба ҳузур напазируфта, дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон кумак накардаанд. «Дигар вакилони ба Хоруғ омадаро онҳо қабул намуда, ҳукуматдорони маҳаллӣ вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагонро ташкил карднд», – иброз дошт ӯ.

«Ғайр аз ин, маро ҳамчун вакил ва шахсони ҳамроҳамро дар Хоруғ як гурӯҳи шахсон мавриди таҳқир, ҳамла ва лату кӯб қарор доданд», – зикр кард ӯ.

Дар идома номбурда зикр кард, ки соли гузашта низ чунин муносибат ба вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ-ро дар ноҳияи Ҳисор раво дида буданд.

«Ҳозир баъзе нафарон кӯшиш доранд, ки маро ба барангехтани низоъи мазҳабӣ дар Хоруғ айбдор кунанд, вале ман бо ҳеҷ касе вонахӯрдаву дар ҳеҷ куҷое суханронӣ накарда. чӣ гуна метавонам ин амалро содир кунам, зеро ҳамла ба ман ва ҳамроҳонам зимни ворид шудан ба дафтари кори ҲНИТ дар ВМКБ содир гардида, мо ҳоло барои гуфтугӯ бо касе фурсат пайдо накарда будем», – таъкид дошт вакил.

Ба қавли Ҳусайнӣ, дар муроҷиати худ ба Ш.Зуҳуров ӯ дархост намудааст, ки намояндагони ҳукумати ВМКБ барои шарҳи ҳодиса ба Душанбе даъват шуда, ҳамчунин ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ва ба масъулият ҷалб кардани гунаҳкорон ба сохтори дахлдор дархости расмӣ ирсол карда шавад.

Ғайр аз ин, вакил аз раиси палатаи поёнии парлумон дархост кардааст, ки дар ташкили вохӯриҳои ӯ бо интихобкунандагон шароит фароҳам оварда шавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли равон муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди

ҳамла ва лату кӯб

қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.