Таъмини терминали нави фурудгоҳи пойтахт бо нерӯгоҳи барқии хурд

Ширкати русиягии ПСМ бори нахуст нерӯгоҳи барқии хурдро ба Тоҷикистон фиристод. Дар ин бора сомонаи it –маш хабар медиҳад. Бино ба иттилои сомона, дизел-генератори иқтидори 500 кВт терминали нави фурудгоҳи шаҳри Душанберо бо нерӯи барқи захиравӣ таъмин мекунад. Гуфта мешавад, барои захираи зеристгоҳи трансформаторӣ, ки интиқоли нерӯи барқ ба терминали фурудгоҳро танзим мекунад, ба Душанбе […]

ASIA-Plus



Ширкати русиягии ПСМ бори нахуст нерӯгоҳи барқии хурдро ба Тоҷикистон фиристод. Дар ин бора

сомонаи it –маш

хабар медиҳад.

Бино ба иттилои сомона, дизел-генератори иқтидори 500 кВт терминали нави фурудгоҳи шаҳри Душанберо бо нерӯи барқи захиравӣ таъмин мекунад.

Гуфта мешавад, барои захираи зеристгоҳи трансформаторӣ, ки интиқоли нерӯи барқ ба терминали фурудгоҳро танзим мекунад, ба Душанбе нерӯгоҳи дизели ПСМ ADV-500 дар заминаи муҳаррики Volvo Penta фиристода шудааст.

«Дизел-генератор бевосита дар бинои зеристгоҳ гузошта мешавад. Вазифаи он – фавран ба кор даромадан дар ҳолати садама аст. Он бо таҷҳизоти иловагӣ барои таъмини 150 соат кори бидуни танаффус муҷаҳҳаз шудааст», – мегӯянд истеҳсолкунандагони таҷҳизот.

Мавриди истифода қарор гирифтани терминали нав моҳи декабри соли 2014 дар назар буда, вале чун корҳои тарҳрезишуда аз реҷаи пешбинишуда хеле барвақттар ба иҷро мерасанд, ба истифода додани он моҳи сентябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...