Давраҳои омӯзишии Маркази исломӣ барои имомхатибон

Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибони кишвар давраҳои омӯзишӣ барпо мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, нахуст имомхатибони масҷидҳои пойтахт ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳо аз 25-30 нафар иборат буда, машғулиятҳо муддати як ҳафта идома меёбанд», – иброз дошт ӯ. Ба қавли ӯ, мавзӯъҳои машғулиятҳо нозукиҳои ақида […]

Меҳрангез Турсунзода



Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибони кишвар давраҳои омӯзишӣ барпо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, нахуст имомхатибони масҷидҳои пойтахт ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳо аз 25-30 нафар иборат буда, машғулиятҳо муддати як ҳафта идома меёбанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, мавзӯъҳои машғулиятҳо нозукиҳои ақида ва мазҳаби Абӯ Ҳанифаро дар бар мегиранд, то ки имомхатибон аз мазҳаби худ хубтар огоҳ гардида, аз китобҳои мутобиқ ба мазҳаби ҳанафӣ истифода кунанд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон санҷиш (аттестатсия)-и солонаи имомхатибон низ ҷараён дорад. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, санҷиши ҳамасолаи имомхатибон барои хулосагирӣ аз сатҳи касбии онҳо зарур аст. «Дар масҷид ҳазорон нафар ибодат мекунанд, аз ин рӯ, имомхатиб бояд шахси босаводу огоҳ бошад», – зикр кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки Кумитаи мазкур дастур барои имомхатибон ба нашр расонидааст, ки аз 50 мавзӯъ иборат буда, имомхатибон метавонанд онро дар маъвизаҳояшон истифода кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.