ФФТ беҳтарин бозингар, мураббӣ ва довари моҳи апрелро муайян кард

Тибқи назарпурсии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) Хуршед Маҳмудов, мураббии тими «Энергетик» (Душанбе) Алишер Тӯхтаев ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев (Душанбе) бозингар, мураббӣ ва довари беҳтарин дар моҳи апрел дониста шуданд. Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Хуршед Маҳмудов моҳи апрел 4 тӯбро ба ҳадаф расонида, нишонраси беҳтарини Лигаи олии футболи мамлакат аст. Дастаи […]

ASIA-Plus



Тибқи назарпурсии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) Хуршед Маҳмудов, мураббии тими «Энергетик» (Душанбе) Алишер Тӯхтаев ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев (Душанбе) бозингар, мураббӣ ва довари беҳтарин дар моҳи апрел дониста шуданд.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Хуршед Маҳмудов моҳи апрел 4 тӯбро ба ҳадаф расонида, нишонраси беҳтарини Лигаи олии футболи мамлакат аст. Дастаи «Энергетик» таҳти раҳбарии мураббӣ Алишер Тӯхтаев моҳи апрел се бозӣ (ду бозӣ дар сафар) анҷом дода, 5 имтиёз ба даст овард ва айни замон дар ҷадвал зинаи сеюмро ишғол мекунад. Моҳи апрел довари ФИФА Парвиз Муртазоев се бозӣ – «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» (1:0), «Энергетик» – «Парвоз» (1:0) ва «КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» (0:3)-ро доварӣ кард.

Қобили зикр аст, ки ҷоизадорони моҳи апрел – Хуршед Маҳмудов, Алишер Тӯхтаев ва Парвиз Муртазоев аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳаҷми 500-сомонигӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар моҳи март ҳамлагари тими «Истиқлол», легионер аз Гана Дэвид Мауто, сармураббии дастаи «Истиқлол» Мубин Эргашев ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин довар эълон шуда буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.