Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазир оид ба масоили марзӣ доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини нахуствазир  ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, сабаби ба рӯзи дигар мавқуф гузоштани гуфтушунид ҳодисаи санаи 7-уми […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазир оид ба масоили марзӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини нахуствазир  ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, сабаби ба рӯзи дигар мавқуф гузоштани гуфтушунид ҳодисаи санаи 7-уми май рухдода дар марз мебошад, ки бар асари он аз ҳарду ҷониби 60 нафар осеб диданд.

«Сабабҳои рух додани ин ҳодисаро Тоҷикистону Қирғизистон ҳар кадоме дар дохили кишварҳо таҳқиқ карда, аз натиҷаҳои он имрӯз ҷонибҳо ба ҳамдигар ибрози назар мекунанд», – гуфт сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои

шоми рӯзи 7-уми май

дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.