– Тоҷикистон чун дигар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон) барои иштирок дар амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад, зеро Киев узви СААД нест, – изҳор дошт раиси ҲКТ, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов.
Сиёсатмадор маълумоти баъзе аз ВАО-и Русия дар бораи рӯзи 8-уми май зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД баррасӣ шудани масъалаи дастгирии амалиёти сулҳовари Русия аз ҷониби кишварҳои Созмонро носаҳеҳ унвон карда, таъкид дошт, ки СААД дар ҳолати таҳдиди ошкорову рӯирост ба яке аз кишварҳои узви Созмон дахолат карда метавонад.
«Дар асл рӯзи 8-уми май зимни вохӯрии ғайрирасмии кишварҳои узви СААД, Русия натанҳо иқтидори худ, балки нуфузи бузург доштанаш дар сиёсати ҷаҳониро нишон дод», – зикр кард раиси ҲКТ.
Ба эътиқоди ӯ, пас аз пошхӯрии кишварҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ваъдаи додааш ба Михаил Горбачёв вафо накарда, бо истифода аз ҳар роҳу восита босуръат ба Русия наздик шудан дорад.
Дар идома Шабдолов қайд кард, ки минтақаи ҷанубу шарқи Украина, ки дар он ҷо оид ба мустақилият раъйпурсӣ гузаронида мешавад, ояндаи наздик ба ҷумҳурии федеративӣ муттаҳид мешаванд, то ки ба вуруди нерӯҳои фашистии нав ба минтақа садд гузоранд.



