Рӯзи 13уми май як ҳайати ҲНИТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз маҳаллаи Зайнабобод ва маҳаллаи Коргар, ду маҳаллаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки сел хонаҳои сокинонашро хароб кардааст, боздид намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар ин сафар раиси ҲНИТ-ро муовинон ва дигар масъулини ҳизб ҳамроҳӣ намуда, аз ҳоли мардум пурсон шуданд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон аз ҷониби ҳизб барои ин мардуми зарадида як миқдор маҳсулоти ғизойӣ ирсол гашт.



